Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 9:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Вале одамоне буданд, ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда буданд, ва фисҳро дар он рӯз наметавонистанд ба ҷо оваранд; ва онҳо дар он рӯз назди Мусо ва Ҳорун омаданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 9:6
16 Iomraidhean Croise  

Ва Мусо ба падарарӯси худ гуфт: «Зеро қавм назди ман меоянд, то ки аз Худо пурсон кунанд;


Алҳол ба овози ман гӯш деҳ, ман ба ту машварате медиҳам, ва Худо бо ту хоҳад буд: ту барои қавм ба ҳузури Худо бош, ва масъалаҳои онҳоро ба Худо бирасон;


Ва онҳо қавмро ҳар вақт доварӣ мекарданд, ҳар масъалаи мушкилро назди Мусо меоварданд, ва ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал мекарданд.


Ва ба ҳеҷ каси мурда наздик нашавад: худро ҳатто бо падараш ва модараш наҷис нагардонад,


Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.


Ва касоне ки ӯро дида буданд, ки ҳезум ҷамъ мекард, ӯро назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоат оварданд.


Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


Ин аст шариат: агар касе дар хайма бимирад, ҳар кӣ ба он хайма дарояд, ва ҳар чи дар он хайма бошад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;


Ва ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури раисон ва тамоми ҷамоат, назди дари хаймаи ҷомеъ истода, гуфтанд:


Ва Мусо даъвои онҳоро ба ҳузури Худованд овард.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ҳар махавӣ ва ҳар каси ҷараёндор ва ҳар каси аз мурда наҷисшударо аз ӯрдугоҳ хориҷ кунанд.


Ва он одамон ба ӯ гуфтанд: «Мо ба ҷасади мурда расида наҷис шудаем; пас чаро мо маҳрум аз он бошем, ки қурбонии Худовандро дар мӯҳлаташ дар миёни банӣ‐Исроил тақдим намоем?»


Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan