5 Ва фисҳро дар моҳи яқум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, дар биёбони Сино ба ҷо оварданд; мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ҳамон тавр амал карданд.
Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.
Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
Ва тамоми банӣ‐Исроил ба ҷо оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба ҷо оварданд.
Ва тамоми кори маскани хаймаи ҷомеъ ба анҷом расид; ва банӣ‐Исроил онро сохтанд, мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд;
Мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил тамоми корро ба ҷо оварданд.
Ва банӣ‐Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.
Ва Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба левизодагон чунин амал карданд: мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ба онҳо ҳамон тавр амал карданд.
Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт, ки фисҳро ба ҷо оваранд.
Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.
Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонӣ накардам,
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли чилум, дар моҳи ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, Мусо ба банӣ‐Исроил бар тибқи ҳар он чи Худованд ба ӯ дар бораи онҳо амр фармуда буд, сухан ронд.
Инак, чунон ки Худованд Худои ман ба ман амр фармудааст, фароиз ва аҳкомро ба шумо таълим додам, то ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, чунин амал намоед.
Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.
Ва банӣ‐Исроил дар Ҷилҷол ӯрду заданд, ва иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳ, бегоҳирӯзӣ, дар саҳроҳои Ериҳӯ ба ҷо оварданд.