4 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт, ки фисҳро ба ҷо оваранд.
Ва Мусо ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Биравед ва баррае барои худ мувофиқи хонаводаҳотон бигиред, ва фисҳро забҳ кунед.
Дар рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ, шомгоҳ, онро дар мӯҳлаташ ба ҷо оваред; мувофиқи тамоми фароизаш ва тамоми аҳкомаш онро ба амал оваред».
Ва фисҳро дар моҳи яқум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, дар биёбони Сино ба ҷо оварданд; мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ҳамон тавр амал карданд.