3 Дар рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ, шомгоҳ, онро дар мӯҳлаташ ба ҷо оваред; мувофиқи тамоми фароизаш ва тамоми аҳкомаш онро ба амал оваред».
Ва дар рӯзи чордаҳуми моҳи дуюм барраи фисҳро забҳ карданд; ва коҳинон ва левизодагон хиҷолат кашида, худро тақдис намуданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба хонаи Худованд оварданд.
Ва подшоҳ, ва сарваронаш, ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;
Ва Ӣушиёҳу иди фисҳро дар Ерусалим барои Худованд ба ҷо овард; ва барраи фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳм якум забҳ карданд.
Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар замини Миср сухан ронда, гуфт:
Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, фисҳи Худованд аст.
«Бигзор банӣ‐Исроил фисҳро дар мӯҳлати он ба ҷо оваранд.
Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт, ки фисҳро ба ҷо оваранд.
Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.