12 Чизе аз он то субҳ боқӣ нагузоранд, ва устухонҳояшро нашикананд; мувофиқи тамоми фароизи фисҳ онро ба ҷо оваранд.
Ва аз он то субҳ боқӣ нагузоред; ва он чиро, ки аз он то субҳ боқӣ монда бошад, ба оташ бисӯзонед.
Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Ин аст дастури фисҳ: ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.
Дар як хона хӯрда шавад; гӯшти онро аз хона берун набарор; ва устухони онро нашиканед.
Ва гӯшташро дар он шаб ба оташ бирьён карда, бо фатир бихӯранд; бо сабзаҳои талх онро бихӯранд.
Зеро ки абри Худованд бар маскан рӯзона, ва оташ дар он шабона, пеши назари тамоми хонадони Исроил дар тамоми сафари онҳо буд.
Дар рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ, шомгоҳ, онро дар мӯҳлаташ ба ҷо оваред; мувофиқи тамоми фароизаш ва тамоми аҳкомаш онро ба амал оваред».
Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд».