10 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар кӣ аз шумо ё аз наслҳои шумо ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ё дар сафари дур бошад, бояд вай низ фисҳи Худовандро ба ҷо оварад.
Ва қавми зиёде дар Ерусалим ҷамъ шуданд, то ки иди фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд, — ҷамоати бағоят сершумор буданд.
Зеро ки аксари қавм, бисьёре аз Эфроим ва Менашше, Иссокор ва Забулун татҳир наёфта буданд, ва фисҳро на бар тибқи он чи навишта шудааст, хӯрданд, зеро ки Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо дуо хонда, гуфт:
Ва подшоҳ, ва сарваронаш, ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;
Бигзор дар моҳи дуюм, дар рӯзи чордаҳум, шомгоҳ, онро ба ҷо оваранд; бо фатир ва бо сабзаи талх онро бихӯранд.
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун.
Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд.
Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.