Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 8:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯянд, ва пок хоҳанд шуд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 8:7
24 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд, гуфт: «Худоҳои бегонаро, ки дар миёни шумост, дур созед, ва худро покиза кунед, ва либоси худро иваз намоед;


Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.


Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо тақдис намо, ва бигзор онҳо либосҳошонро шустушӯ кунанд,


Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт; подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст, зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.


Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ; то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?


Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.


Ва ҳар кӣ ба он ашьё мерасад, наҷис хоҳад буд, ва бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва он шахс, ки онҳоро месӯзонад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.


Ва Мусо Ҳорун ва писаронашро наздик овард, ва онҳоро дар об ғусл дод.


Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.


Ва ҳар либос, ва ҳар колои чармин, ва ҳар ашьёи аз пашми буз сохташуда, ва ҳар колои чӯбинро татҳир намоед».


Ва левизодагон бо оби татҳири гуноҳ пок шуданд, ва либосҳои худро шустанд; ва Хорун онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ба ҷунбиш овард, ва Ҳорун онҳоро, барои пок шуданашон, кафорат намуд.


Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.


Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,


Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.


Ва тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,


Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan