5 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ва бародарони онҳо, левизодагон, ба ҳар хизмати маскани хонаи Худо таъин шуданд.
Ва ин аст сохти чароғдон: тиллои яклухти мазруб, пояаш то гулҳояш яклухти мазруб; мувофиқи намунае ки Худованд ба Мусо нишон дода буд, ӯ чароғдонро ҳамин тавр сохт.
«Левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил бигир ва онҳоро татҳир намо.
Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.