Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 8:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғдон рӯшноӣ диҳад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 8:2
19 Iomraidhean Croise  

Ва ҳафт адад барояш чароғ бисоз; ва чароғҳояш бояд тавре даргиронида шавад, ки ба тарафи чароғи миёна рӯшноӣ диҳад.


Ва ҳафт чароғаш ва анбӯрҳояш, ва маҷмарҳояшро аз тиллои холис сохт.


Ва чароғдони пок, ва чароғҳояш, яъне, чароғҳои ҷо ба ҷо гузошташуда, ва тамоми колояш, ва равған барои рӯшноӣ;


Ва чароғҳоро ба ҳузури Худованд барафрӯхт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.


Бигзор чароғҳоро бар чароғдони пок ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд бимонад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва Ҳорун чунин кард: ба тарафи пеши чароғдон чароғҳои онро даргиронид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.


Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.


Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;


Ман руҷӯъ намудам, то овозеро, ки ба ман сухан мегуфт, бубинам; ва чун руҷӯъ намудам, ҳафт чароғдони тилло дидам,


Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».


Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan