11 Ва бигзор Ҳорун левизодагонро ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш оварад, то ки онҳо барои иҷрои хизмати Худованд тақдис ёбанд.
Ва ҳамаашро бар дастҳои Ҳорун ва бар дастҳои писарони ӯ бимон, ва инро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд чунбонида‐ҷунбонида биёр.
Бо дастҳои худ ӯ бояд қурбонии оташинро барои Худованд биёрад, чарбуро бо сина бояд биёрад, то ки он синаро ба ҳузури Худованд биҷунбонад.
Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».
Ва ҳамаи инро бар кафҳои Ҳорун ва бар кафҳои писаронаш гузошт, ва онҳоро ба ҳузури Худованд ҷунбонид.
Ва Мусо синаро гирифт, ва онро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонид; ин аз қӯчқори гумоштанӣ ҳиссае барои Мусо буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад: ин барои коҳин, ба замми синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкаш, муқаддас аст; баъд аз ин назир метавонад шароб нӯшад.
Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.