1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
Ва чароғдоне аз тиллои холис бисоз; бигзор чароғдон яклухт сохта шавад; поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он бояд аз худи он бошад.
Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,
Ва ҳангоме ки Мусо ба хаймаи ҷомеъ даромад, то ки бо Ӯ сухан ронад, овозеро шунид, ки аз болои сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат буд, аз миёни ду каррубӣ ба вай сухан меронд; ва Ӯ ба вай сухан меронд.
«Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғдон рӯшноӣ диҳад».
Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.