Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 7:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Вале ба банӣ‐Қаҳот чизе насупурд, зеро ки хизмати дохили қудс ба зиммаи онҳо гузошта шуда буд, ва онҳо борҳоро бар китфи худ мебардоштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 7:9
9 Iomraidhean Croise  

Ва ҳамин ки бардорандагони сандуқи Худованд шаш қадам роҳ рафтанд, ӯ гов ва қӯчқоре қурбонӣ кард.


Ва сандуқи Худоро бар аробаи нав гузоштанд, ва онро аз хонаи Аминодоб, ки дар Ҷабъа мебошад, бароварданд, ва Уззо ва Аҳью, писарони Аминодоб, аробаи навро меронданд.


Ва ҳангоме ки ба хирмангоҳи Нокӯн расиданд, Уззо дасташро ба сандуқи Худо дароз карда, онро нигоҳ дошт, зеро ки говон онро яктарафа гардонида, моил ба афтодан карда буданд.


Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва коҳинон сандуқро бардоштанд.


Зеро, азбаски бори аввал шумо онро набардоштед, Худованд Худои мо моро зарба зад, чунки онро бар тибқи қонун толиб нашудем».


Ва Довуд тамоми Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи Худовандро ба маконе ки барои он тайёр карда буд, бароранд.


Ва низ левизодагонро дигар ҳоҷат нест, ки маскан ва тамоми колои хизмати онро бардоранд».


Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan