11 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бигзор ҳар раис як рӯз қурбонии худро барои тақдиси қурбонгоҳ тақдим кунад».
Ва раисон қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳро дар рӯзи тадҳин намудани он тақдим карданд; ва раисон қурбонии худро пеши қурбонгоҳ тақдим карданд.
Ва дар рӯзи якум Наҳшӯн ибни Амминодоб, аз сибти Яҳудо, қурбонии худро тақдим намуд;
Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.
Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.
Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби шумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам.