Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 7:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва раисон қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳро дар рӯзи тадҳин намудани он тақдим карданд; ва раисон қурбонии худро пеши қурбонгоҳ тақдим карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 7:10
12 Iomraidhean Croise  

Ва Сулаймон ҳамчун қурбонии саломатӣ, ки барои Худованд оварда буд, бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд забҳ намуд; ва подшоҳ ва тамоми банӣ‐Исроил хонаи Худовандро тақдис карданд.


Ва подшоҳ Сулаймон бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд қурбонӣ кард; ва подшоҳ ва тамоми қавм хонаи Худоро такдис карданд.


Ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади ботантанаи идонае барпо карданд, зеро ки такдиси қурбонгоҳро ҳафт рӯз, ва идро ҳафт рӯз ба амал оварданд.


Ва дар вақти тақдиси ҳисори Ерусалим левизодагонро аз ҳамаи маконҳошон чустуҷӯ карданд, то ки онҳоро ба Ерусалим биёранд, ва бо шодмонӣ, мадҳгӯӣ ва сурудхонӣ, ва бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо тақдис намоянд.


Ва дар он рӯз қурбониҳои зиёде забҳ намуда, хурсандӣ карданд, зеро ки Худо онҳоро бағоят шод карда буд, ва занону бачагон низ хурсандӣ карданд, ва шодмонии Ерусалим то ҷойҳои дурдаст шунида шуд.


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Ва дар рӯзе ки Мусо барпо кардани масканро ба анҷом расонид, ва онро тадҳин намуд, ва онро бо тамоми колояш, ва қурбонгоҳро бо тамоми колояш тақдис намуд, ва онҳоро тадҳин ва тақдис намуд,


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бигзор ҳар раис як рӯз қурбонии худро барои тақдиси қурбонгоҳ тақдим кунад».


Инҳо буд ҳадия ва қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳ дар рӯзи тадҳин кардани он, аз ҷониби раисони Исроил: дувоздаҳ табақи нуқра, дувоздаҳ косаи нуқра, дувоздаҳ қошуқи тилло.


Ва ҷамъи чорпоён барои забҳи саломатӣ: бисту чор наргов, шаст қӯчқор, шаст нарбуз, шаст барраи нари яксола; ин буд тақдиси қурбонгоҳ баъд аз тадҳини он.


Ва бигзор нозирон ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки хонаи нав сохта, аз он ҳанӯз истифода набурда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз он истифода барад;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan