Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 7:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва дар рӯзе ки Мусо барпо кардани масканро ба анҷом расонид, ва онро тадҳин намуд, ва онро бо тамоми колояш, ва қурбонгоҳро бо тамоми колояш тақдис намуд, ва онҳоро тадҳин ва тақдис намуд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 7:1
15 Iomraidhean Croise  

Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.


Дар ҳамон рӯз подшоҳ миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд аст, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо ба амал овард, зеро қурбонгоҳи мисине ки ба ҳузури Худованд буд, барои гунҷонидани қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатӣ хурдӣ кард.


«Ҳар нахустзодаро, ки ҳар раҳимро дар миёни банӣ‐Исроил бикшояд, хоҳ одам бошад хоҳ чорпо, барои Ман тақдис намо; вай аз они Ман аст».


Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро ҳар рӯз барои кафорат забҳ намо, ва қурбонгоҳро бо кафорате ки бар он мекунӣ, аз гуноҳҳо пок намо, ва онро тадҳин бикун, то ки тақдис ёбад.


Ва лаган ва пояашро тадҳин намо, ва онро тақдис кун.


«Ба банӣ‐Исроил сухан бирон, ва аз онҳо асоҳо бигир, як асо аз ҳар хонадон, аз ҳамаи раисони онҳо бар ҳасби хонадонҳошон дувоздаҳ асо; ва номи ҳар касро бар асои вай бинавис.


Ва раисон қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳро дар рӯзи тадҳин намудани он тақдим карданд; ва раисон қурбонии худро пеши қурбонгоҳ тақдим карданд.


Инҳо буд ҳадия ва қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳ дар рӯзи тадҳин кардани он, аз ҷониби раисони Исроил: дувоздаҳ табақи нуқра, дувоздаҳ косаи нуқра, дувоздаҳ қошуқи тилло.


Ва ҷамъи чорпоён барои забҳи саломатӣ: бисту чор наргов, шаст қӯчқор, шаст нарбуз, шаст барраи нари яксола; ин буд тақдиси қурбонгоҳ баъд аз тадҳини он.


Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan