8 Тамоми айёми назирии худ вай барои Худованд муқаддас аст.
Барои падараш ва модараш, бародараш ва хоҳараш, — ҳатто барои онҳо низ, вақте ки бимиранд, вай набояд наҷис шавад, зеро ки аломати назирии Худои вай бар сари вай аст.
Ва агар касе назди вай баногоҳ, якбора бимирад, ва мӯйсари назирии варо наҷис гардонад, — вай бояд сари худро дар рӯзи пок шудани худ битарошад, дар рӯзи ҳафтум бояд онро битарошад.
Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд.
Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд». Ва дар он чо Худовандро ибодат карданд.