5 Тамоми айёми назри назирии вай поку бар сари вай набояд бирасад; то тамом шудани айёме ки худро назири Худованд гардонидааст, вай муқаддас буда, мӯи сарашро бояд калон кунад.
Ва бояд сари худро натарошанд, ва гесӯ намонанд, балки мӯйсари худро қайчӣ кунанд.
Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.
Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд.
Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».
Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам тарошида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
Ва ӯро вай бар зонуҳои худ хобонид, ва касеро хонд, ва ҳафт гесуи сари ӯро тарошонид, ва ба шиканҷа кардани ӯ шурӯъ намуд, ва қувваташ аз ӯ дур шуд.
Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».