4 Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.
Ҳамин аст шариат дар бораи назире ки назр намудааст, ва дар бораи қурбоние ки ӯ бояд барои назирии худ ба Худованд тақдим кунад, ба замми он чи барои дороии ӯ дастрас аст; мувофиқи назре ки кардааст, ӯ бояд ҳамон тавр, ба замми шариати назирии худ, ба амал оварад».
Вай бояд аз шароб ва арақ парҳез намояд, сиркои шароб ва сиркои арақро нанӯшад, ва ҳеҷ шарбати ангурро нанӯшад, ва ангури тар ё хушк нахӯрад.
Тамоми айёми назри назирии вай поку бар сари вай набояд бирасад; то тамом шудани айёме ки худро назири Худованд гардонидааст, вай муқаддас буда, мӯи сарашро бояд калон кунад.
Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».