3 Вай бояд аз шароб ва арақ парҳез намояд, сиркои шароб ва сиркои арақро нанӯшад, ва ҳеҷ шарбати ангурро нанӯшад, ва ангури тар ё хушк нахӯрад.
«Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо,
Ва аз писарони шумо анбиёро, ва аз ҷавонони шумо назиронро ба миён овардам. Оё ҳамин тавр нест, эй банӣ‐Исроил?» — мегӯяд Худованд.
«Валекин шумо назиронро шароб нӯшонидед, ва ба анбиё фармон дода, гуфтед, ки „нубувват накунед“.
Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.
Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯхулкудс пур хоҳад буд,
Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳон зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;
Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,
Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.
Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.
Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.
Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».
Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.