Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 6:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар марде ё зане назри назирӣ кунад, то ки назирӣ Худованд бошад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 6:2
21 Iomraidhean Croise  

Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».


Худком толиби ҳавас аст, ба зидди ҳар зиракӣ қиём мекунад.


Вале онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро ки падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб ба мо амр фармуда, гуфтааст: „Шумо ва писарони шумо то абад шароб нанӯшед,


Ва шумо барои Ман муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд, қуддус ҳастам, ва шуморо аз қавмҳо фарқ кардаам, то ки аз они Ман бошед.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар касе назр кунад, ки нуфусе мувофиқи қиматдиҳии ту аз они Худованд бошад,


Агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд, пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯхулкудс пур хоҳад буд,


Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд.


Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,


Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.


Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд,


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».


Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.


Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».


Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам тарошида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».


Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд». Ва дар он чо Худовандро ибодат карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan