12 Ва айёми назирии худро вай аз нав ба Худованд назр менамояд, ва барраи яксолае барои қурбонии ҷурм меоварад; вале рӯзҳои пешина ботил мешавад, зеро ки назирии вай наҷис гардидааст.
Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.
Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, яъне мисли ҳамаи корҳои зиште ки шарир мекунад, амал намояд, оё ӯ зинда хоҳад монд? Тамоми аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ дар хиёнати худ, ки ба амал овардааст, ва дар гуноҳи худ, ки кардааст, хоҳад мурд.
Ва коҳин барраи қурбонии ҷурм ва лӯҷи равғанро мегирад, ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.
Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.
Ва коҳин якеро барои қурбонии гуноҳ ва дигареро барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим намуда, варо барои гуноҳаш, ки аз ҷасади мурда наҷис шудааст, кафорат менамояд, ва сари варо дар он рӯз тақдис мекунад.
Ва ин аст шариат дар бораи назир: вақте ки айёми назирии ӯ анҷом ёбад, ӯро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ меоваранд;
Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт.
Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.
Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред.