Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 5:9
19 Iomraidhean Croise  

Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ‐Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.


Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.


Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.


Соқи пешкаш ва синаи ҷунбониданиро онҳо бояд бо қурбонии оташини чарбу биёранд, то ки ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонида шавад; ва ин барои ту ва барои писаронат бо ту фаризаи абадӣ хоҳад буд, чунон ки Худованд амр фармудааст».


Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.


Ва соқи ростро ҳамчун пешкаши муқаддас аз забҳҳои саломатии худ ба коҳин бидиҳед.


Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».


Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».


Ва Мусо ин хироҷро, ки ҳадия барои Худованд буд, ба Элъозори коҳин дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва агар он кас ворисе надошта бошад, то ки талофии гуноҳ ба вай дода шавад, дар он сурат талофии гуноҳ, ки барои Худованд дода мешавад, аз они коҳин хоҳад буд, ба замми қӯчқори кафорат, ки ба воситаи он ӯ варо кафорат менамояд.


Фақат қурбониҳои муқаддаси худро, ки дошта бошӣ, ва назрҳои худро бардошта, ба маконе ки Худованд баргузинад, биё.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan