Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 5:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва агар он кас ворисе надошта бошад, то ки талофии гуноҳ ба вай дода шавад, дар он сурат талофии гуноҳ, ки барои Худованд дода мешавад, аз они коҳин хоҳад буд, ба замми қӯчқори кафорат, ки ба воситаи он ӯ варо кафорат менамояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 5:8
8 Iomraidhean Croise  

Нуқраи қурбонии ҷурм ва нуқраи қурбонии гуноҳҳо ба хонаи Худованд дахл карда намешуд; он аз они коҳинон буд.


Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Қимати ҳар он чиро, ки дар бораи он қасами дурӯғ хӯрдааст, ӯ бояд пурра адо кунад, ва панҷьяки он қиматро бар он илова намуда, ба соҳиби он бидиҳад, дар рӯзе ки қурбонии ҷурми худро тақдим менамояд.


Қурбонии гуноҳ монанди қурбонии ҷурм аст, яъне қонуни онҳо як аст: он аз они коҳинест, ки ба воситаи он кафорат менамояд.


Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.


Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan