Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 5:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 5:7
14 Iomraidhean Croise  

Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад; ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст.


Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.


Он гоҳ ба гуноҳи худашон ва ба гуноҳи падаронашон, ки ба Ман хиёнат карданд, ва ҳатто бар хилофи Ман рафтор карданд, иқрор хоҳанд шуд.


Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд.


«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;


Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Пас, дар сурате ки ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, бигзор ба гуноҳе ки кардааст, иқрор шавад,


Қурбонии гуноҳ монанди қурбонии ҷурм аст, яъне қонуни онҳо як аст: он аз они коҳинест, ки ба воситаи он кафорат менамояд.


Ва агар он кас ворисе надошта бошад, то ки талофии гуноҳ ба вай дода шавад, дар он сурат талофии гуноҳ, ки барои Худованд дода мешавад, аз они коҳин хоҳад буд, ба замми қӯчқори кафорат, ки ба воситаи он ӯ варо кафорат менамояд.


Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам».


Ва Еҳушаъ ба Охон гуфт: «Писарам, лутфан Худованд Худои Исроилро ҷалол деҳ, ва пеши Ӯ иқрор шав, ва ба ман маъл м намо, ки чӣ кардӣ; аз ман пинҳон надор».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan