Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Хоҳ мард бошад хоҳ зан, хориҷ кунед; онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ кунед, то ки ӯрдугоҳҳои худро, ки Ман дар миёни онҳо сокин ҳастам, наҷис нагардонанд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 5:3
23 Iomraidhean Croise  

Ва аз болои ғӯлаҳое ки бар сутунҳо гузошта шуда буд, сақф бо арз рӯйбаст карда шуд, — адади он сутунҳо чилу панҷ, дар ҳар қатор понздаҳ буд.


Ва рӯи Худро аз бандаи Худ пинҳон надор, зеро ки ба танг омадаам; маро ба зудӣ иҷобат намо.


Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.


Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.


Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион, зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст».


Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.


Пас, банӣ‐Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онхост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд».


Ва ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ омада, ба онҳо гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқаддасанд, ва Худованд дар миёни онҳост. Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред?»


Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».


Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, ва Ман дар он сокин ҳастам, наҷис нагардонед; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, дар миёни банӣ‐Исроил сукунат дорам».


Ва банӣ‐Исроил чунин карданд, ва онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ карданд; чунон ки Худованд ба Мусо сухан ронда буд, банӣ‐Исроил ончунон карданд.


Зеро ки Худованд Худои ту андаруни ӯрдугоҳи ту қадамгузор аст, то ки туро раҳо намояд ва душманонатро ба дасти ту бисупорад; пас, бигзор ӯрдугоҳи ту муқаддас бошад, то ки Ӯ чизи палиде дар миёни ту дида, аз ту рӯй нагардонад.


Ғуломеро, ки аз оғои худ пеши ту гурехта бошад, ба дасти оғои вай насупор;


Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,


Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки як‐ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,


Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.


Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan