Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 5:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ҳар махавӣ ва ҳар каси ҷараёндор ва ҳар каси аз мурда наҷисшударо аз ӯрдугоҳ хориҷ кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 5:2
15 Iomraidhean Croise  

Ва чор одами махавӣ дар даҳани дарвоза буданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Чаро мо дар ин ҷо биншинем, то даме ки бимирем?


Ва махавие ки гирифтори ин захм аст, либосҳояш бояд чок карда шавад, ва сараш шонаро набинад, ва он то мӯйлабаш пӯшонида шавад, ва вай фарьёд занад: „Наҷис! Наҷис!“


Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.


Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.


Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад,


Зеро ҳар касе ки дар ин рӯз ҷони худро азият намедиҳад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.


Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Агар падараш ба рӯи вай туф мекард, оё вай ҳафт рӯз наҷис намешуд? Пас, бигзор вай ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шавад, ва баъд аз он баргардад».


Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan