16 Ва коҳин варо наздик оварда, ба хузури Худованд меистонад.
Ман, Худованд, дилро тафтиш мекунам ва ботинро меозмоям, то ки ба ҳар кас бар тибқи роҳҳояш, бар ҳасби самари аъмолаш подош диҳам».
Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.
Бигзор он шавҳар зани худро назди коҳин оварад, ва барои вай ушри эфаи орди ҷавро ҳадия биёрад; лекин равған бар он нарезад ва лебӯно бар он намонад, зеро ки он ҳадияи рашк, ҳадияи ёдгорӣ мебошад, ки гуноҳро хотиррасон менамояд.
Ва коҳин дар зарфи сафолин оби муқаддас мегирад, ва коҳин аз хоке ки бар фарши маскан аст, гирифта, дар об меандозад.
Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.