9 Ва чодири лоҷувардие гирифта, чароғдон ва чароғҳояш ва анбӯрҳояш ва маҷмарҳояш ва тамоми колои равғанашро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, мепӯшонанд.
Ва он ва тамоми колояшро дар болопӯше аз пӯсти тӯҳс мегузоранд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
Ва бар онҳо чодири қирмизӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.
Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».