Ва аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс сохтанд; ва либосҳои муқаддас барои Ҳорун сохтанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва тамоми колои онро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, — маҷмарҳо, чанголҳо, хокандозҳо ва косаҳо, — яъне тамоми колои қурбонгоҳро бар он мегузоранд, ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
Онҳо бояд ин чизҳоро бардоранд: пардаҳои маскан ва хаймаи ҷомеъ, болопӯши он ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс, ки бар он аз боло мебошад, ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,