Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ҳангоме ки кӯч кардани ӯрду лозим шавад, Ҳорун ва писаронаш дохил шуда, пардаи пӯшандаро фурӯд меоваранд, ва сандуқи шаҳодатро бо он мепӯшонанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 4:5
23 Iomraidhean Croise  

Ва писарони левизодагон ончунон, ки Мусо бар тибқи каломи Худованд амр фармуда буд, дастакҳои сандуқи Худоро бар китфҳои худ гузошта, онро бардоштанд.


Ва низ левизодагонро дигар ҳоҷат нест, ки маскан ва тамоми колои хизмати онро бардоранд».


Ва пардаро аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катон сохт, ва нақши каррубиёнро бар он кашид


Ва пардае аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт; бо бофти санъаткорона онро бо каррубиён сохт.


Ва дар он ҷо сандуқи шаҳодатро бимон, ва пардаро бар сандуқ паҳн намо.


Ва қурбонгоҳи тиллои бухурро пеши сандуқи шаҳодат бимон, ва пардаи даромадгоҳи масканро биовез.


Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод;


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.


Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Яҳудо аввалин шуда бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.


Ва чун Ҳорун ва писаронаш дар вақти кӯч кардани ӯрду пӯшонидани қудс ва тамоми колои қудсро ба анҷом расонанд, пас аз он банӣ‐Қаҳот барои бардоштан меоянд; вале набояд ба қудс даст расонанд, вагар на хоҳанд мурд. Ҳамин аст боре ки бояд банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ бардоранд.


Кори банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ қудси қудсҳост.


Вале ба банӣ‐Қаҳот чизе насупурд, зеро ки хизмати дохили қудс ба зиммаи онҳо гузошта шуда буд, ва онҳо борҳоро бар китфи худ мебардоштанд.


Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;


Ва Мусо ин шариатро навишт, ва онро ба коҳинони банӣ‐Левӣ, ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, ва ба пирони Исроил дод.


Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,


Ва дар паси парда кисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад,


Ва мардуми Байт‐Шемешро, ки ба даруни сандуқи Худованд назар андохта буданд, зарба зад, ва аз миёни қавм ҳафтод нафарро зарба зад; ва қавм мотам гирифтанд, зеро ки Худованд қавмро зарбаи азиме зада буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan