41 Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Ҷершӯн, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд дар шумор оварданд.
Ва Мусо онҳоро аз рӯи гуфтаи Худованд, чунон ки амр фармуда шуд, дар шумор овард.
Ва дар шумор овардашудагони онҳо бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо, ду ҳазору шашсаду сӣ нафар буданд.
Ва дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо,
Бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ҳар яке аз онҳо ба хизматрасонӣ ва боркашонии худ таъин намуда ва дар шумор оварда шуданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.