4 Кори банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ қудси қудсҳост.
Ва онҳоро Довуд, бар ҳасби писарони Левӣ, яъне Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кард.
Ва қаҳотиён, ки бардорандагони қудс буданд, кӯч карданд, ва масканро то омадани онҳо барпо карда буданд.
Ва чун Ҳорун ва писаронаш дар вақти кӯч кардани ӯрду пӯшонидани қудс ва тамоми колои қудсро ба анҷом расонанд, пас аз он банӣ‐Қаҳот барои бардоштан меоянд; вале набояд ба қудс даст расонанд, вагар на хоҳанд мурд. Ҳамин аст боре ки бояд банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ бардоранд.
Балки ба онҳо чунин рафтор намоед, то ки дар вақти наздик омаданашон ба қудси қудсҳо онҳо зинда монанд ва намиранд: бигзор Ҳорун ва писаронаш омада, ҳар якеро ба хизматаш ва назди бораш бимонанд;
Ин аст кори қабилаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:
Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки хизмати хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд, дар шумор овар.
Ва ҳангоме ки кӯч кардани ӯрду лозим шавад, Ҳорун ва писаронаш дохил шуда, пардаи пӯшандаро фурӯд меоваранд, ва сандуқи шаҳодатро бо он мепӯшонанд.
Вале ба банӣ‐Қаҳот чизе насупурд, зеро ки хизмати дохили қудс ба зиммаи онҳо гузошта шуда буд, ва онҳо борҳоро бар китфи худ мебардоштанд.
Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.