23 Аз сисола ва болотар то панҷоҳсола онҳоро дар шумор овар, яъне онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
Инҳоянд писарони Левӣ, мувофиқи хонадонҳои падарони онҳо, ва сардорони хонаводаҳо, мувофиқи саршумори ном ба номи онҳо, ки аз синни бистсола ва болотар вазифаҳои хизмати хонаи Худовандро ба ҷо меоварданд.
Аз ин рӯ, бар тибқи суханони охирини Довуд, писарони Левӣ аз синни бистсола ва болотар дар шумор оварда шуданд,
Ва левизодагон аз синни сисола ва болотар дар шумор оварда шуданд, ва шумораи онҳо, бар ҳасби сарҳои мардон, сию ҳашт ҳазор нафар буд.
«Банӣ‐Ҷершӯнро низ бар ҳасби хонадонҳо ва қабилаҳои онҳо дар шумор овар.
Ин аст кори қабилаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:
Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.
Ва аз синни панҷоҳсолагӣ аз хизмат фориғ шуда, дигар кор накунанд.
Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи худаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?
Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,
Зеро ки ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ — хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.
Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.
Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,
Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;