Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 4:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва таҳти назорати Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инҳо хоҳад буд: равған барои рӯшноӣ, ва бухури муаттар, ва ҳадияи ордии доимӣ, ва равғани тадҳин; назорат бар тамоми маскан ва бар ҳар чи дар он аст, яъне бар қудс ва бар колои он».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 4:16
20 Iomraidhean Croise  

Равған барои чароғҳо; атриёт барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар;


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар барои қудс, — ҳамаашро ончунон, ки ба ту амр фармудаам, онҳо ба амал хоҳанд овард».


Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.


«Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.


Ва раиси раисони левизодагон Элъозор ибни Ҳоруни коҳин аст; иҷрокунандагони нигаҳбонии колои қудс таҳти назорати ӯ хоҳанд буд.


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:


«Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам


Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.


Пас, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисоб кунад;


Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,


Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,


Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.


Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед.


Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan