11 Ва бар қурбонгоҳи тилло чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
Ва қурбонгоҳи тилло, ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи даромадгоҳи хайма;
Ва қурбонгоҳи тиллои бухурро пеши сандуқи шаҳодат бимон, ва пардаи даромадгоҳи масканро биовез.
Ва он ва тамоми колояшро дар болопӯше аз пӯсти тӯҳс мегузоранд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
Ва тамоми колои хизматро, ки бо онҳо дар қудс хизмат мекунанд, гирифта, дар чодири лоҷувардӣ мегузоранд, ва онҳоро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва бар чӯбдастае меовезанд.
Ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он мегузоранд, ва аз болояш чодире ки комилан лоҷувардист, паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.
Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.