1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд:
Ва онҳо дар хонаи муқаддаси Ман хизматгузор гардида, вазифаи дарвозабонҳои маъбад ва мулозимони маъбадро ба ҷо хоҳанд овард; онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои дигарро барои қавм забҳ хоҳанд кард, ва ба ҳузури онҳо барои иҷрои хизматашон хоҳанд истод.
Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.
Ва Мусо нуқраи фидияро мувофиқи гуфтаи Худованд, ҷунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба Ҳорун ва писаронаш дод.
«Банӣ‐Қаҳотро аз миёни банӣ‐Левӣ бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор овар,