3 Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.
Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
Ва худуди туро аз баҳри Қулзум то баҳри фалиштиён, ва аз биёбон то наҳри Фурот муқаррар хоҳам кард; зеро ки сокинони ин заминро ба дасти шумо хоҳам супурд, ва ту онҳоро аз пеши худ бадар хоҳӣ ронд.
Худованд Худо чунин мегӯяд: «Ин аст ҳудуде ки заминро мувофиқи он ба дувоздаҳ сибти Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард: ба Юсуф ду ҳисса.
Ва ба ман гуфт: «Ин обҳо сӯи ноҳияи шарқӣ ҷорӣ мешавад, ва ба водии Урдун фурӯд омада, ба баҳри Намак медарояд; ҳамин ки ба баҳр дарояд, обҳои он солим мегардад.
Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.
Аз биёбон ва ин Лубнон то наҳри бузург, ки наҳри Фурот бошад, тамоми замини ҳиттиён то баҳри Бузург, ки ғурубгоҳи офтоб аст, ҳудуди шумо хоҳад буд.
Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.