Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 34:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 34:2
23 Iomraidhean Croise  

Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.


Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».


Ва об адуёни онҳоро пӯшонд: Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.


Ва худуди туро аз баҳри Қулзум то баҳри фалиштиён, ва аз биёбон то наҳри Фурот муқаррар хоҳам кард; зеро ки сокинони ин заминро ба дасти шумо хоҳам супурд, ва ту онҳоро аз пеши худ бадар хоҳӣ ронд.


Ва Ман гуфтам: «Чӣ гуна туро дар миёни писарон ҷойгир кунам, ва замини матлуберо, ки мероси дилписанди халқҳои зиёд аст, ба ту бидиҳам? Ва гуфтам: ту Маро Падари худ хоҳӣ хонд, ва аз Ман рӯй нахоҳӣ гардонд;


Худованд Худо чунин мегӯяд: «Ин аст ҳудуде ки заминро мувофиқи он ба дувоздаҳ сибти Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард: ба Юсуф ду ҳисса.


Ва шумо, ҳар яке баробари дигаре, онро тасарруф хоҳед намуд, чунки Ман дасти Худро бардошта қасам ёд кардаам, ки онро ба падарони шумо бидиҳам; ва ин замин насиби шумо хоҳад шуд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,


То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.


Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.


Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,


Ва Еҳушаъ тамоми заминро бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо гуфта буд, мусаххар намуд, ва Еҳушаъ онро ба исроилиён мувофиқи тақсимоти сибтҳошон ба моликият бахшид; ва замин аз ҷанг ором ёфт.


Ва Еҳушаъ пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ту пир ва солхӯрда шудаӣ, ва ҳанӯз замини бағоят бисьёр барои тасарруф кардан боқист.


Ва Худованд ба Исроил тамоми заминеро, ки қасам хӯрда буд ба падаронашон бидиҳад, дод, ва онҳо онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan