8 Падарони шумо ҳамин тавр амал карданд, вақте ки онҳоро аз Қодеш‐Барнеа барои дидани замин фиристодам:
Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!
Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале‐Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш‐Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар‐Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.
Аз Ҳӯриб, бо роҳи кӯҳи Сеир, то Қодеш‐Барнеа сафари ёздаҳрӯза буд.