5 Ва гуфтанд: «Агар мо дар назари ту илтифот ёфта бошем, бигзор ин замин ба бандагонат ҳамчун моликият дода шавад; моро аз Урдун нагузарон».
Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман кудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
Ва Юоб бар рӯи худ ба замин афтода, сачда бурд, ва подшоҳро табрик намуд; ва Юоб гуфт: «Имрӯз бандаат медонад, ки дар назари ту, эй оғоям подшоҳ, илтифот ёфтаам, чунки подшоҳ бар тибқи сухани навкари худ амал намудааст».
Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.
Худованд чунин мегӯяд: «Қавме ки аз шамшер саломат монданд, дар биёбон лутф пайдо карданд; биравам, то Исроилро ором намоям.
Замине ки Худованд пеши ҷамоати Исроил мағлуб гардонидааст, заминест барои чаридани чорво, ва бандагонат чорводор ҳастем».
Ва Мусо ба банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен гуфт: «Наход ки бародаронатон ба ҷанг раванд, вале шумо дар ин ҷо хоҳед нишаст?
Бар ман низ Худованд аз боиси шумо дарғазаб шуда, гуфт: „Ту низ ба он ҷо дохил нахоҳӣ шуд;
Ва Еҳушаъ гуфт: «Ё Худоё Худовандо! Чаро ин қавмро аз Урдун убур кунондӣ, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, ба ҳалокат бирасонӣ? Кошки мо азм намуда, дар он тарафи Урдун мемондем!
Вай бар рӯи худ афтода, то ба замин таъзим кард ва ба ӯ гуфт: «Чаро дар назарат илтифот ёфтаам, ки маро бишиносӣ, ва ҳол он ки ман аҷнабизане ҳастам?»
Ва Довуд боз қасам хӯрда, гуфт: «Падарат ба хубӣ медонад, ки ман дар назарат илтифот ёфтаам, бинобар ин ба дили худ мегӯяд: „Бигзор инро Йӯнотон надонад, мабодо ғамгин шавад“. Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд ва қасам ба ҷони ту, ки дар миёни ман ва мавт як қадам мондааст!»