Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавмаш ва заминаш ба дасти ту месупорам, ва бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, амал кардӣ».
То ки халқҳои аз ту бузургтар ва азимтарро аз пеши ту бадар ронад, ва туро дохил карда, замини онҳоро ба ту ҳамчун мулк бидиҳад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.