Ва мамлакатҳо ва қавмҳоро ба онҳо дода, он қавмҳоро ба ҳар гӯша пароканда намудӣ; ва онҳо замини Сиҳӯн — замини подшоҳи Ҳешбӯн, ва замини Ӯҷ, подшоҳи Бошонро мерос гирифтанд.
Барои ту, эй токи Сибмо, бештар аз гирьяи Яъзир хоҳам гирист; шохаҳои ту то баҳр паҳн шуда, ба кӯли Яъзир расида буд; тороҷгар бар меваҳои тобистонӣ ва бар ҳосили ангури ту ҳуҷум овардааст.
Аз фиғони Ҳешбӯн, ки то Элъола мерасад, овози худро то Яҳас баланд хоҳанд кард, ва аз Сӯар то Ҳӯрӯнаим, ки Эглат Шлишиё мебошад, зеро ки обҳои Нимрим низ хушк хоҳад шуд.
Дар сурате ки Исроил дар Ҳешбӯн ва деҳоташ, ва дар Аръӯр ва деҳоташ, ва дар ҳамаи шаҳрҳои атрофи Арнӯн сесад сол боз сукунат дорад, чаро дар ни муддат онҳоро кашида нагирифтаед?