Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 32:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод чорвои зиёде доштанд, ки бағоят сершумор буд; ва онҳо замини Яъзир ва замини Ҷилъодро диданд, ва инак, ин макон маконест барои чаридани чорво.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 32:1
30 Iomraidhean Croise  

Ва Абром аз чорво, ва нуқра, ва тилло хеле бой буд.


Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.


Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».


Ва ба фиръавн гуфтанд: «Омадем, то ки дар ин замин сокин шавем, зеро ки барои чорвои ғуломонат чарогоҳ нест; чунки қаҳтӣ дар замини Канъон сахт аст. Ва акнун ба ғуломонат изн бидеҳ, ки дар замини Ҷӯшан маскан гирем».


Ва аз Урдун гузашта, дар Арӯэр ӯрду заданд, ва аз тарафи рости шаҳр андаруни водии Ҷод рӯ оварда, ба Яъзир омаданд.


Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим‐Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон‐Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн рафтанд.


Ва онҳое ки дар айёми Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ном ба ном навишта шуда буданд, омада, хайманишинон ва маӯниёни дар он ҷо ёфтшударо зарба заданд ва то имрӯз онҳоро маҳв намуда, дар ҷояшон сокин шуданд, зеро ки чарогоҳ барои рамаҳошон дар он ҷо буд.


Ва издиҳоми гуногунқабилаи зиёде низ ҳамроҳи онҳо баромаданд, ва гӯсфандон ва говон, ки рамаи бағоят бузурге буданд.


Зеро ки Худованд дар бораи хонаи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ту барои Ман Ҷилъод ва қуллаи Лубнон будӣ, аммо ба яқин туро биёбоне мисли шаҳрҳои ғайримаскун хоҳам гардонид,


Барои ту, эй токи Сибмо, бештар аз гирьяи Яъзир хоҳам гирист; шохаҳои ту то баҳр паҳн шуда, ба кӯли Яъзир расида буд; тороҷгар бар меваҳои тобистонӣ ва бар ҳосили ангури ту ҳуҷум овардааст.


Ва Исроилро ба чарогоҳи худаш хоҳам баргардонид, ва ӯ дар Кармил ва Бошон хоҳад чарид, ва ҷони ӯ бар кӯҳи Ҷилъод ва Эфроим сер хоҳад шуд.


Оё баласон дар Ҷилъод нест? Оё табибе дар он ҷо нест? Пас чаро духтари қавми ман шифо наёфтааст?


Қавми Худро бо асои Худ чӯпонӣ намо, яъне гӯсфандони мероси Худро, ки дар ҷангале андаруни Кармил ба танҳоӣ сокин мебошанд; бигзор онҳо мисли айёми қадим дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.


Ва Мусо фиристод, ки Яъзирро ҷосусӣ намоянд, ва деҳоти онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он ҷо буданд, бадар ронданд.


Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен назди Мусо ва Элъозори коҳин ва раисони ҷамоат омада, гуфтанд:


Кӯдакони мо, занони мо, чорвои мо ва тамоми ҳайвоноти мо ин ҷо, дар шаҳрҳои Ҷилъод хоҳанд монд;


«Аторӯт ва Дибӯн, ва Яъзир ва Нимра, ва Ҳешбӯн ва Элъоле, ва Сабом ва Набӯ, ва Баӯн,


Ва Атрӯт‐Шӯфон, ва Яъзир, ва Ёҷбеҳо,


Вай қитъаи беҳтаринро барои худ ихтиёр намудааст, ки дар он ҷо ҳиссаи Қонунгузор мавҷуд аст; ва бо сардорони қавм омада, адолати Худованд ва дастуроти Ӯро бо Исроил ба амал меоварад».


Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ‐Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;


Ва банӣ‐Исроил Финҳос ибни Элъозори коҳинро назди банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод фиристоданд.


Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше аз пеши банӣ‐Исроил, аз Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, баргашта, равона шуданд, то сӯи замини Ҷилъод, ба замини моликияти худ, ки онро бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ба тасарруфи худ даровардаанд, бираванд.


Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.


Чаро дар миёни қӯраҳо нишастаӣ, то ки найҳои рамабононро бишнавӣ? Дар ҳиссаҳои Реубен фикру андешаҳои дил бисьёр буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan