Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд».
Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.