1 Ва Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ‐Исроил сухан ронд.
Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.
Ва Мусо ба Ҳорун аз ҳамаи суханони Худованд, ки ӯро фиристода буд, ва аз тамоми аломоте ки ба ӯ амр фармуда буд, хабар дод.
Раисони Исроил, сардорони хонаводаҳошон, — ҳамонҳое ки раисони сибтҳо буда, бар сари онҳое меистоданд, ки дар шумор оварда шуда буданд, — наздик омаданд,
Агар барои Худованд Худои худ назр намоӣ, дар адои он даранг накун, зеро ки Худованд Худои ту ҳатман онро аз ту талаб хоҳад кард, ва бар гардани ту гуноҳе хоҳад буд.