Зеро ки мавқеи онҳо дар паҳлуи писарони Ҳорун буд, то ки хизмати хонаи Худовандро ба ҷо оварда, бар саҳнҳо ва бар ҳуҷраҳо, ва бар татҳири тамоми қудс, ва бар иҷрои ҳар хизмати хонаи Худо мутасаддӣ бошанд,
Ва коҳинонро дар шӯъбаҳошон, ва левизодагонро дар навбатҳошон ба ибодати Худо дар Ерусалим, бар тибқи он чи дар китоби Мусо навишта шудааст, таъин карданд.