Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 3:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Ва ба нигаҳбонии банӣ‐Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ инҳо супурда мешавад: маскан ва хайма, болопӯши он ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 3:25
23 Iomraidhean Croise  

Ва навбатдории хаймаи ҷомеъ, ва навбатдории қудс, ва навбатдории бародаронашон банӣ‐Ҳорунро дар хизмати хонаи Худованд нигаҳбонӣ кунанд.


Ва Ҳизқиё коҳинон ва левизодагонро бар навбатҳои онҳо гузошт, то ки ҳар яке аз коҳинон ва левизодагон, мувофиқи хизмати худ, барои қурбониҳои сӯхтанӣ, ва қурбониҳои саломатӣ, барои хизматгузорӣ, барои мадҳ кардан ва ҳамду сано гуфтан назди дарвозаҳои ӯрдугоҳи Худованд ҳозир бошанд.


Мувофиқи ҳар он чи Ман ба ту нишон медиҳам, — ҳам тарҳи маскан ва ҳам тарҳи тамоми колои онро, — ончунон бисозед.


Ва хаймаро бар маскан паҳн кард, ва болопӯши хаймаро аз боло бар он гузошт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва пардаи даромадгоҳи масканро овехт.


Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;


Ва маскан фурӯд оварда шуд, ва банӣ‐Ҷершӯн ва банӣ‐Марорӣ, ки бардорандагони маскан буданд, кӯч карданд.


Ва раиси хонадони ҷершӯниён Эльёсоф ибни Лоил аст.


Ва бигзор онҳо хизмати ӯ ва хизмати тамоми ҷамоатро пеши хаймаи ҷомеъ иҷро намуда, корҳои масканро ба ҷо оваранд;


Ду ароба ва чор барзаговро ба банӣ‐Ҷершӯн, мувофиқи хизматашон, супурд.


Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.


Ба Архипус бигӯед: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ».


Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan