Тамоми хизмати банӣ‐Ҷершӯн дар ҳар боркашонии онҳо ва дар ҳар кори онҳо бояд бо фармони Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оварда шавад; ва нигаҳбонии ҳар бореро, ки онҳо мекашонанд, ба зиммаи онҳо бигузоред.
Ва коҳинон, писарони Левӣ, наздик меоянд, чунки онҳоро Худованд Худои ту баргузидааст, то ки хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Худованд баракат диҳанд, ва бар тибқи сухани онҳо ҳар низоъ ва ҳар осеб бояд яктарафа карда шавад.