Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 3:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Зеро ки ҳар нахустзода аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро зарба задам, ҳамаи нахустзодагони Исроилро, аз одамон то чорпоён, барои Худ тақдис намудам, ва онҳо аз они Мананд. Ман Худованд ҳастам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 3:13
16 Iomraidhean Croise  

Ва нахустзодаҳои писарони худ ва чорпоёни худро бар тибқи он чи дар Таврот навишта шудааст, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба хонаи Худои мо, барои коҳиноне ки дар хонаи Худои мо хизмат мекунанд, биёрем.


Он гоҳ ҳар раҳимкушоро барои Худованд ҷудо кун; ва ҳар бачаи раҳимкушои чорпоён, ки назди ту пайдо шавад, наринаи онҳо барои Худованд хоҳад буд.


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун фиръавн дар бобати равона кардани мо дили худро сахт гардонид, Худованд ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз нахустзодаи одамон то нахустзодаи чорпоён, кушт; бинобар ин ман ҳар раҳимкушои наринаро барои Худованд қурбонӣ мекунам, ва барои ҳар нахустзодаи писаронам фидия медиҳам“.


«Ҳар нахустзодаро, ки ҳар раҳимро дар миёни банӣ‐Исроил бикшояд, хоҳ одам бошад хоҳ чорпо, барои Ман тақдис намо; вай аз они Ман аст».


Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.


Ҳар раҳимкушо аз они Ман аст, ва ҳар раҳимкушои наринаи чорпои ту, хоҳ аз гов бошад хоҳ аз гӯсфанд.


Ва ибтидои тамоми навбарҳои ҳама чиз, ва ҳар пешкаши ҳар чиз аз тамоми пешкашҳои шумо аз они коҳинон хоҳад буд; ва ибтидои хамири худро ба коҳин бидиҳед, то ки баракат бар хонаи ту қарор ёбад.


Аммо нахустзодае аз чорпоён, ки ба сабаби нахустзодагияш аз они Худованд аст, — набояд касе онро вақф намояд; он, хоҳ гов бошад хоҳ гӯсфанд, аз они Худованд аст.


Ҳар раҳимкушои ҳар башар, ки аз одамон ва аз чорпоён ба Худованд тақдим менамоянд, бигзор аз они ту бошад; аммо барои нахустзодаи одамон албатта фидия бигир, ва барои нахустзодаи чорпоёни наҷис фидия бигир.


Валекин Ман, инак бародарони шумо левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил гирифтаам, ки онҳо ба шумо барои Худованд инъом карда шудаанд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд.


Ва левизодагонро барои Ман, ки Худованд ҳастам, дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони чорпоёни банӣ‐Исроил».


Ва мисриён ҳамаи нахустзодагонро, ки Худованд дар миёни онҳо кушта буд, гӯр мекарданд; ва бар худоёни онҳо Худованд доварӣ намуд.


Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад»;


Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan