Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 3:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хоҳад шуд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 3:10
25 Iomraidhean Croise  

Ва хашми Худованд бар Уззо аланга зада, Худо ӯро дар он ҷо барои дастдарозияш зарба зад, ва ӯ дар он ҷо назди сандуқи Худо мурд.


Ва ибодатхонаҳо бар баландиҳо сохт, ва аз ҳар табақаи қавм, ки аз банӣ‐Левӣ набуданд, коҳинонро таъин намуд.


Ва онҳо пеши маскани хаймаи ҷомеъ хизматгузорони сурудгӯй буданд, то вақте ки Сулаймон хонаи Худовандро дар Ерусалим бино кард, ва онҳо мувофиқи низомномаи худ бар хизмати худ меистоданд.


Вале ман гуфтам: «Оё шахсе мисли ман метавонад бигрезад? Ва кист мисли ман, ки вориди маъбад шавад ва зинда монад? Ман нахоҳам рафт!»


Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.


Ва шумо хизмати навбатдориро назди чизҳои муқаддаси Ман ба ҷо наовардед, балки аҷнабиёнро ба ҷои худ гузоштед, то ки хизмати Маро дар навбатдории хонаи муқаддаси Ман ба ҷо оваранд.


Ҳеҷ каси бегона набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад; сокини хонаи коҳин ва муздури ӯ набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад.


Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.


Ва туро ва ҳамаи бародаронат, банӣ‐Левиро бо ту наздик овардааст, ва шумо каҳонатро низ мехоҳед ба даст оваред?


Ва оташе аз ҷониби Худованд берун омада, он дусаду панҷоҳ нафарро, ки бухур оварда буданд, сӯзонид.


Ҳамчун ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил, — то ки ҳеҷ каси бегонае ки аз насли Ҳорун набошад, барои сӯзонидани бухур ба ҳузури Худованд наздик наояд, ва қисматаш мисли Қӯраҳ ва шарикони вай нашавад, чунон ки Худованд ба ӯ ба воситаи Мусо гуфтааст.


Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.


Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хаймаи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаронаш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва нигаҳбонии банӣ‐Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.


Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;


Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,


Зеро Худованд Худои ту варо аз ҳамаи сибтҳо баргузидааст, то ки вай ва писаронаш тамоми айём истода, ба исми Худованд хизмат кунанд.


Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,


Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.


Ва мардуми Байт‐Шемешро, ки ба даруни сандуқи Худованд назар андохта буданд, зарба зад, ва аз миёни қавм ҳафтод нафарро зарба зад; ва қавм мотам гирифтанд, зеро ки Худованд қавмро зарбаи азиме зада буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan